ҷолиб — [جالب] а. ба худ кашанда, ҷалбкунанда, ҷозибадор, ҳавасангез; ҷолиби диққат диққатҷалбкунанда, сазовори диққат, шавқовар, ҳавасангез … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
афсунсухан — [افسون سخن] кит. он ки гапаш таъсирбахшу диққатҷалбкунанда аст, ҷодусухан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
аҷоиб — [عجائب] а 1. аҷиб, ҳайратовар, аҷибу ғариб 2. диққатҷалбкунанда, шавқовар; аҷоибу ғароиб аҷибу ғариб, тааҷҷубовар, шигифтовар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бӯсафиреб — [بوسه فريب] касе ё чизе, ки аз лиҳози бисёр зебо будан диққатҷалбкунанда буда, бӯса талаб мекунад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғалатӣ — [غلطي] 1. тааҷҷубовар, шигифтовар, ҳайратангез; диққатҷалбкунанда: гапи ғалатӣ, кори ғалатӣ, ҳодисаи ғалатӣ 2. аҷоиб, аҷиб, аҷибу ғариб; ғалатӣ ғалатӣ тааҷҷубоварона; зоти ғалатӣ а) насли аҷоиб; б) киноя аз шахси аҷиби ғайриодӣ, турфа одаме;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғароиб — [غرايب] а 1. ҷ. ғариб 2. аҷоиб, диққатҷалбкунанда: афсонаи ғароиб, достони ғароиб; ғароиби табиат ҳодисаҳои тааҷҷубовари табиат; аҷоибу ғароиб чизҳои тааҷҷубовар, чизҳои аҷиб ва нодир: намоишҳои аҷоибу ғароиб, хобҳои аҷоибу ғароиб, саргузаштҳои… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кашанда — [کشنده] 1. сифати феълии замони ҳозира аз кашидан 2. ҷазб ва ҷалбкунанда; қувваи кашанда қувваи ҷозиба 3. истифодакунанда, истеъмолкунанда (доир ба нос, тамоку ва ғ.) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мароқангез — [مراق انگيز] он чи боиси пайдоиши мароқ мегардад, шавқовар; диққатҷалбкунанда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
назар — [نظر] а 1. нигоҳ, дид; назар андохтан (афкандан) нигоҳ кардан; аз назар гузаронидан (чизеро, ҷоеро); назараш афтидан дида мондан (касе, чизеро); назар давонидан тез нигоҳ кардан; назар гузарондан; назар дӯхтан бо диққат нигоҳ кардан; назар кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
назаргир — [نظرگير] маҷ. назаррабо, диққатҷалбкунанда, эътиборро ба худ кашанда; муқоб. назарногир … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ